Имрӯз, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе…
Имрӯз, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи ACA 209 оғоз гардид. Дар оғоз рақобатҳои корти пешакӣ баргузор мешавад.
Дар маҷмуъ, барномаи мусобиқа аз 17 рақобат иборат буда, дар он варзишгарони Тоҷикистон бо намояндагони дигар кишварҳо қувваозмоӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки баргузории ACA 209 бозгашти ин ташкилоти муҳорибаҳои омехта ба Тоҷикистон пас аз 11 соли танаффус ба ҳисоб меравад.
Рақобати марказии шомро муҳорибаи варзишгари тоҷик Фаридун Одилов бо намояндаи Русия Артём Фролов ташкил медиҳад.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

