Роҳбарони корхонаҳои саноати нассоҷию мудофиа ва мошинсозии Туркия ба Тоҷикистон даъват шуданд

29-30 ноябр дар вилояти Измир вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо раиси Палатаи саноатии минтақаи Эге Эндер Ёрганҷилар баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар медиҳад.  

Ҷонибҳо вобаста ба имконияти тақвияти ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, алалхусус саноат, сайёҳӣ ва кишоварзӣ ибрози назар намуданд.

Инчунин дар ҳошияи сафар роҳбари намояндагӣ ба Минтақаи муташаккили саноатии «Торбали» рафта, бо роҳбарият ва субъектҳои он мулоқот анҷом дод.

Зимнан роҳбарияти корхонаҳои саноати нассоҷию мудофиавӣ ва мошинсозӣ ба Тоҷикистон даъват гардид.

Дар доираи вохӯриҳо ба иштирокчиён рӯнамо ва наворҳои ҷолиб оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ ва обӣ-энергетикӣ манзур шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE