Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
гардид. Дар ин бора аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот роҳбарон натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2023 баррасӣ намуда, доир ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷом додани таъйини хати гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.