Тоҷикистон ва Туркманистон дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба масъалаҳои фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма хонум Меҳриҷамал Мамедова дар Ашқобод мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти густариши муколамаи фарҳангӣ ва башардӯстона байни ду давлатро таъкид намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ба нафъи дӯстӣ ва ғановати муштараки фарҳангҳои ду мамлакат изҳор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE