Дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ҳашари «Тозагии муҳити зист» доир шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини покизагии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, соҳили дарёву каналҳо, манбаъҳои обӣ, назди ташкилоту идора ва роҳраву гулгаштҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе –Чанок  ҳашари «Тозагии муҳити зист» доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти ноҳия.

Дар ҳашар муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъол ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия иштирок намуда, ду тарафи шоҳроҳро аз даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ то ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон аз партовҳо тоза намуда, дар тозагии муҳити зист ва ободонии диёр саҳм гузоштанд.

Ин ҳашар инчунин бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» доир шуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ бо сокинони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 аз шаҳрвандони мамлакат даъват гардид, ки ба тозагии роҳраву атрофи биною манзилҳо диққат диҳанд, зеро хунукназарӣ нисбат ба тозагии муҳит аз бемаърифатӣ дарак медиҳад.

«Ба шаҳрвандони мамлакат, бахусус ронандагони мусофиркаш ва мусофирони онҳо муроҷиат менамоям: мо мегӯем, ки мардуми тоҷик тамаддуну фарҳанги бою ғании қадимӣ дорад, вале мо дар вақти дар дохили нақлиёт буданамон ба табиати атроф партов мепартоем. Чаро ҳавливу хонаву дари худро ифлос накарда, давлатро ифлос менамоем? Фаромӯш насозед, ки давлат аз хона ва оила шуруъ мешавад», -иброз доштанд Пешвои миллат.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE