Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

4 январи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Дар робита бо ҳамлаи мудҳиши террористӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар шаҳри Кирмон ба Шумо ва кулли мардуми Эрон ҳамдардии амиқи худро баён менамоям.

Ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба осебдидагон шифои оҷил хоҳонам».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE