ПЕШГӮИИ БИЛЛ ГЕЙТС: ПАС АЗ ПАНДЕМИЯ БА ҶАҲОН ДУ ФОҶИАИ ДИГАР ТАҲДИД МЕКУНАД
Пас аз пандемияи коронавирус, ҷаҳон боз ба ду фоҷиаи дигар рӯ ба рӯ мешавад, ки комилан ба онҳо омода нест. Sputnik менависад, ки муассиси Майкрософт, яке аз сарватмандтарин инсонҳо ва хайрхоҳи номӣ Билл Гейтс пешгӯӣ намудааст, ки ҷаҳон пас аз пандемияи коронавирус боз ба ду фоҷиа дигар дучор мешавад. Пешгӯии Гейтсро YouTube-канали Veritasium нашр намудааст. Ба изҳори ӯ, яке аз ин фоҷеа ин тағйирёбии иқлим мебошад, ки ҷаҳон ба чунин дигаргунӣ тамоман омода нест. Гейтс мегӯяд, ҳамасола сатҳи маргу мир аз ин омил ба фарқ аз талафот дар замони пандемия бештар хоҳад шуд. Номбурда, ҳамчунин аз таҳдиди биотерроризм гуфт, ки ҷаҳонро метавонад ба даҳшат орад. “Ҳоло агар касе хоҳад ба ҷаҳон зарар расонад, вирусро эҷод мекунад ва таъсири он аз эпидемияи табиӣ бадтар хоҳад буд”, – илова намуд Гейтс. Билл Гейтс ҳанӯз моҳи январи соли гузашта аз пандемияи навбатӣ ҳушдор дод, ки даҳ маротиба аз вируси COVID-19 бадтар аст. Ба ақидаи ӯ, ба ин таҳдидҳо ҳамон тавре, ки ба таҳдиди ҷанги ҷаҳонӣ омодагӣ дид, бояд ҳамингуна муносибат кард.
Бознашр аз сомонаи sputnik-tj.com