Дар Душанбе озмуни шаҳрии «Истеъдодҳои наврас» баргузор гардид
Бо мақсади дарёфт ва рушди наврасони соҳибистеъдод, ҷалб намудан ва такмил додани истеъдоди наврасони соҳибзавқ ва фарогирии онҳо дар вақтҳои холигӣ ба корҳои муфид тибқи нақшаи чорабиниҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар давраи таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Озмуни шаҳрии «Истеъдодҳои наврас» баргузор гардид. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» хабар доданд.
Дар Озмун таълимгирандагони маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро аз рӯйи номинатсияҳои:
– суруди якка;
– рақси якка;
– навозиш;
– рақси умумӣ;
– этюд (маҳорати актёрӣ);
– суруди умумӣ;
– бадеҳа пешкаши ҳайати ҳакамон гардониданд.
Ғолибони Озмуни «Истеъдодҳои наврас» баъди хулосабарории ҳайати ҳакамон бо Диплому Ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи ҳайати тадорукоти Озмун қадрдонӣ карда мешаванд.