Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади таълимии худро дар Абу-Даби ба анҷом расонд

Рӯзи ниҳоии ҷамъомади тамринӣ дар Абу-Даби аз рӯйи реҷаи дуркарата гузашт. Футболбозони тоҷик ду дафъа дар майдон кор карданд. Пас аз анҷоми тамрини ниҳоӣ дар Абу-Даби сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт ба бозигарон барои заҳмату кӯшишҳояшон изҳори сипос намуд.

Имрӯз, 8 январ тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 озими Доҳа мешавад. Дар чемпионати Осиё дастаи мо дар гурӯҳи «А бо тимҳои Чин (13 январ), Қатар (17 январ) ва Лубнон (22 январ) нерӯ месанҷад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE