Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд

10 нафар олим ва муҳаққиқи ҷавони Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Донишгоҳи давлатии «Дубна»-и Русия иштирок намуданд.

 Тавре Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар доираи барномаи чорабинӣ иштирокчиён дар маърузаҳои олимони сатҳи байналмилалӣ, машваратҳои илмӣ ва муҳокимаҳои интерактивӣ иштирок намуда, бо самтҳои муосири таҳқиқоти илмӣ, таҷҳизоти пешрафта ва инфрасохтори илмии шаҳри Дубна шинос гардиданд.

Чунин омӯзишҳо на танҳо дониши назариявиро васеъ мекунанд, балки дар рушди тафаккури илмӣ, баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии касбӣ нақши муҳим доранд. Муоширати мустақим бо олимони ҷавони давлатҳои гуногун таҷрибаи нодири байналмилалӣ фароҳам меорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE