Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нав дар пойтахт иштирок намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими муаррифии 30 электробуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд, хабар доданд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Иттилоъ дода шуд, ки электробусҳои тамғаи «Акиа НЕРУ» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи стандартҳои аврупоӣ  истеҳсол гардидаанд.

Рустами Эмомалӣ зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати зиёд намудани электробусҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тафсилоти бештари хабар давоми рӯз нашр мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE