Дар Боку равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Ғафарова мулоқот намуд, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо дар мавриди вазъи феълӣ ва рушди баъдии равобити байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф тавассути абзорҳои байнипарлумонӣ табодули афкор намуданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои танзими сафарҳои мутақобил ва тақвияти тамосҳои корӣ байни кумитаҳо, гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои парлумонҳои ду мамлакат муҳокима шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE