Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар мулоқот намуданд

22 январ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Точикистону Қатар, ки бо иштироки Вазири савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳадафи мулоқоти имрӯза муаррифии бештару хубтари имконияти воқеии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду давлати ба ҳам бародар мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва арсаҳои алоҳидаи ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегии иқтисоди мамлакат андешаронӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ бахшҳои афзалиятнок маънидод гардиданд.

Ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон мутобиқ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, имконияти васеи сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, василаҳои марбут ба имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ фаъолона истифода мегарданд.

Таъкид гардид, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ду давлат номида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок мебошад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат ҳамчунин оид ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки истифодаи самараноки имконияте, ки дар бахшҳои таъкидгардида мавҷуданд, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби сармояро тақозо менамояд.

Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамояд ва дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин оид ба имконоти васеи ҳамкорӣ бо ширкатҳои қатарӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, зерсохтори нақлиётӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, авиатсияи гражданӣ ва сайёҳӣ, бахусус саёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ андешаҳо баён намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро барои ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки гуфташуда бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Дар фарҷом аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар ҷиҳати ташриф овардан ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоии наздик аз имконияти ҳамкорӣ бо мамлакати мо дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн даъват ба амал оварда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE