«ЗИНДА КУН АЗ САДОИ МАН ХОКИ ҲАЗОРСОЛАРО…». Давлатманд Холов дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор меравад

Хабари фавти Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, профессори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва иштирокчии даҳҳо фестивалҳои  минтақавию байналмилалӣ устод Давлатманд Холов дили ҳазорон дӯстдорони суруду мусиқиро андуҳгин намуд.

Устод Давлатманд Холов дар ҷодаи мусиқӣ ва санъат яке аз нобиғаҳои барҷастаи Шарқ ба шумор рафта, давоми умри бобаракат оҳангҳои зиёди руҳбахш эҷод намуда, мактаби бузурги фалаксароиро ривоҷу равнақ бахшид, шогирдони зиёдеро дар ҷодаи санъат ба воя расонида, аз хеш номи неку ҳунари воло ба мерос гузошт.

Вай ба ҷаҳони мусиқӣ ва санъат аз хурдӣ завқи зиёд пайдо намуда буд. Аз бузургони санъати маҳаллӣ, бахусус омӯзгорони мактаби деҳааш таълими мусиқӣ гирифта, дар ҳаёт ин касбро интихоб менамояд ва бо мурури замон вориди ин ҳунари воло мешавад. Ӯ ҳанӯз дар сенздаҳсолагӣ маҳораташро нишон дода, дар ҳаққи амакаш Раҷабмад марсияи бисёр ҷонгудоз хонда, дили дӯстдорони мусиқиро тасхир намуда буд ва пасон ба соҳаи санъат меҳр баста, оҳиста — оҳиста дар чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баромад менамуд.

Ҳунарманди воломақом аз мактаби устодони шеъру мусиқӣ Сайдалӣ Вализода, Қурбоналӣ Раҷаб, Ҳақназар Кабуд, ки дар минтақаи Кӯлоб ҳам шеър менавиштанду ҳам ҳофизӣ менамуданд, сабақ гирифта, пасон ба пайраҳаи эҷодиву ҳунарии устод Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Орзу Достиев, Қурбон Зардаков, бобои Мадохир ва даҳҳо ҳофизони фалаксаро ворид шуда, нозукиҳои касби мусиқиро меомӯзад ва қобилияти эҷодиашро такмил мебахшад.  Сипас, ба пойтахт омада, дар баробари таҳсил бо оҳангсозони машҳур Фаттоҳ Одинаев, Хайрулло Абдуллоев, Миратулло Атоев ва дигарон шинос шуда, аз онҳо назокату таровати мусиқии халқӣ ва анъанавиро меомӯзад ва маҳораташро баланд мебардорад. Мактаби бузурги фалаксароӣ ба Давлатманди ҷавон имкон дод, ки бо дилбохтагӣ, меҳру муҳаббати бепоён ба майдони санъат ворид шавад ва дар муддати кӯтоҳ ҳаводорони зиёд пайдо намояд.

Устод Давлатманд Холов аз нахустин сурудҳояш, ки тавассути радиои вилоятӣ пахш гардид, дар дили мардум роҳ ёфт. Пасон, вай бо ғазали Ғаффор Мирзо “Дил ба раҳи Ватан нисор ман накунам, ки мекунад”, ки аз тариқи телевизиони ҷумҳуриявӣ садо дод, машҳур шуд. Аз ин ба баъд устоди ҳунар Давлатманд Холов  заҳамат кашида, ба ҷодаи суруду мусиқии асил ворид гардид ва бо сабки хосаш мухлисони зиёд пайдо намуд. Баъдҳо аксари маъракаҳои фарҳангӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ бо иштироки ӯ доир мешуд ва ӯ маҳбуби ҳамагон гардида буд. Вай кӯшиш менамуд, ки бо оҳангу сурудҳои нав ба дили дӯсторони шеъру мусиқӣ роҳ ёбад ва онҳоро бо овози ширину сурудҳои дилкашаш хушҳол гардонад.

Яке аз муваффақияти устод Давлатманд Холов дар интихоби дурусти мусиқӣ ва шеър ба чашм мерасид. Вай барои эҷоди ҳар оҳанг заҳмати зиёд мекашид. Гоҳе ба фалаки роғӣ такя мекард, баъзан намунаҳои оҳангҳои фалаки даштиро вориди эҷодиёташ менамуд, аз ҳунари фалаксароёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон меомӯхт. Ба ин нигоҳ накарда, гоҳе зарбҳои тӯёнаро ба таркиби оҳангҳояш ҷой дода, аз рокҳои нозуку таъсирбахш истифода менамуд. Ҳамзамон ба баҳри бекарони мусиқии классикии шашмақом ва фалак  ворид шуда, аз силсилаҳои ин шоҳасарҳои бузург меомӯхт ва сипас асари мукаммали мусиқӣ эҷод менамуд.

Маҳораташ ба дараҷае баланд буд, ки дар вақти таълифи асари нав аз аксари асбоби мусиқӣ истифода менамуд ва худаш ҳам бо камоли кордонӣ асбоб менавохт. Ӯ ҳар асбоби мусиқиеро, ки ба даст мегирифт, онро бо ҷӯри худаш бо завқи баланд менавохт ва ба ин восита  истеъдоди фавқулодаи ҳунари хосашро нишон медод. Ҳамин завқи баланд, бешак ба ҷаҳони эҷодиаш таъсир мерасонид.

Устоди зиндаёд баробари мусиқишиносӣ ҳунару истеъдоди баланди шеъринтихобкунӣ дошт. Вай барои ҳар оҳанг шеъру суруди мувофиқ дарёфт менамуд.  Дар ин  ҷода ӯ ба мартабаи баланди устодӣ  расида буд. Вай шеъри заиф, каммазмун, беарзиш, беҳадаф интихоб намекард. Ҳамеша саъй менамуд, ки суруду шеърҳоеро пайдо намояд, ки  ба табъи мардум мувофиқ бошад. Ҳунарманди соҳибзавқ ба дили шунаванда аз ҳамин роҳ ворид шуда, қалбашро тасхир месохт ва ҳиссиёташро нисбат ба каломи воло бедор мекард. Ба ин кори заҳматталаб устод Давлатманд Холов аз рӯзҳои аввали ба ҷодаи санъат ворид шудан диққат медод ва бо ин роҳ  байни аҳли ҷомеа маҳбубият пайдо намуда буд.

Ҳофизи хушадо дар аввалҳо бештар аз ашъори шоирони муосир, аз ҷумла устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Ғаффор Мирзо, Ҳабибулло Файзуло, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигарон сурудҳо таълиф намуда, дар барномаҳои фарҳангӣ баромад менамуд. Онҳо бештар мазмуни ватандӯстона ва ҳаётбахшона доштанд.

Ҳамин тавр,  ӯ ҳунарашро такмил дода, ба ашъори шоирони классик рӯ меоварад ва беҳтарин ғазалу тарона, рубоиву дубайтии ошиқона, орифона ва инсондӯстона интихоб намуда, ба онҳо оҳанг мебаст ва дили ҳаводоронашро тасхир менамуд.  Махсусан, оҳангҳое, ки бар ашъори устодони сухан Абӯабдулло Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Аттор, Ҳаким Саноӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Соҳиби Табрезӣ, Абдулқодири Бедил ва дигарон эҷод карда буд, таровати хос доштанд ва бо оҳангҳои халқиву анъанавӣ пайванд гардида буданд. Бахусус, ғазалҳои Мавлавиро бо тарзи хос месуруд ва барои ҳар кадомаш оҳанги ҷаззоб интихоб менамуд. Ҳар ғазалро бо сабку услуби хос суруда, барояш мусиқии мукаммалу оҳанги равон эҷод мекард. Вай ҳатто дар интихоби асбоби мусиқӣ, ҷобаҷогузории дурусти онҳо талош мекард ва ба таровату латофати ҳар пардаи ҷӯри асбоб эътибор медод ва ба ин восита асари мукаммали мусиқӣ меофарид. Ғазалҳои “Дур машав…”, “Бинмой рух…”, “Ман на манам, на ман манам…”, “Мастон саломаш медиҳанд…” ва амсоли инҳо ҳамин гуна таълиф шуда, бо завқи баланди ромишгарӣ иҷро гардиданд. Онҳо силсилаоҳангҳои мукаммали устод Давлатманд Холов маҳсуб мешаванд.

Хунёгари бузург Давлатманд Холов, бешак идомадиҳандаи мактаби фалаксароёни тоҷик, бахусус мактаби Одина Ҳошимов буд. Вай ин санъатро ба таври мукаммал аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ омӯхта, дар ин ҷода пайраҳаи бузурги худро пайдо намуда, ба дараҷаи устодӣ расида буд. Ҳофизи нотакрор на танҳо овози хуб дошт, балки маҳорати баланди фалаксароиро аз бар карда буд ва онро бо шаклу шеваи хос иҷро менамуд. Фалаки Давлатманд  аз дарду ҳасрат, ғаму шодӣ, ишқу ормон ва сӯзу гудоз пур буд ва аз қаъри дил мисли чашмаи нуқрафом фаввора мезад ва атрофро ба ларза медаровард.

Вай ҳангоми иҷрои фалак ба шиддати  овоз, пасту баландшавии он  аҳамияти махсус медод ва ҳар як рубоиро бо сабки хос мехонд ва шеър дар садои вай нола мекард ва дили шунавандаро тасхир менамуд. Дар кашиши овоз ва пасту баланд намудани он маҳорати хос дошт ва кам касе ба  ӯ расидагӣ менамуд.  Ин ҳунари хоси сурудхонии Давлатманд Холов  ба шумор мерафт.

Устод Давлатманд Холов, бешак фалаксароиро равнақ бахшид, мактаби шоиста бунёд намуд, шогирдони зиёдеро ба камол расонид ва дар ташаккулу рушди фалаксароӣ хидмати бемисл намуд.  Вай бо ишқи фалак зиндагӣ менамуд, нафас мекашид ва илҳом гирифта, суруд эҷод мекард. Ҳамин сабаб шуд, ки ӯ силсилаи оҳангҳои фалакиро ба адвори мусиқӣ ворид намуд ва бо камоли ифтихор худро ҳамчун фалаксаро дар ҷаҳон машҳур намуд. Вай борҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Фаронса, Амрико, Голландия, Англия, Ҳиндустон, Покистон бо ҳунари фалаксароияш толорро ба ваҷд оварда, номи тоҷикро баланд бардошта буд.

Устод Давлатманд Холов ҳамчун ромишгари камназир, оҳангсози мумтоз, мутриби чирадаст, муғании ширинадо, ҳофизи соҳибзавқ ва мураббии бемисл садҳо оҳанги ноб эҷод намуда, чун устози соҳаи мусиқӣ эътироф гардида буд. Вай дар ҷодаи оҳангсозӣ заҳмати зиёд кашида, дар санъати мусиқии тоҷик бо асарҳояш абадан ҷой пайдо намуда, шоҳасарҳои барҷастаи мусиқӣ ба мерос гузошт, ки фардоиён аз он истифода менамоянд.

Хунёгари тавоно барои як оҳангаш ғазали ниҳоят пурмуҳтавое интихоб намуда, онро бо маҳорати баланд ва бо ҳиссиёти пуршӯр иҷро намудааст, ки аз чунин байтҳо иборат мебошад:

Эй ки зи ман фузудаӣ, гармии оҳу ноларо,
Зинда кун аз садои ман хоки ҳазорсоларо.
Бо дили мо чиҳо  кунӣ ту, ки ба бодаи ҳаёт,
Мастии шавқ медиҳӣ, обу гули пиёларо.
Ғунчаи дил гирифтаро аз нафасам гиреҳ кушо,
Тоза кун аз насими ман доғи даруни лоларо.
Хоҷаи ман нигаҳ дор обрӯйи гадои хеш,
Он ки зи ҷӯйи дигарон гум накунад пиёларо

Ин ғазал фарёду шевани ботинии устод Давлатманд Холовро низ ифода менамояд. Ҳунарманди асил давоми умри пурбаракати хеш тавонист, ки шеъри ҳазорсолаи тоҷикиро бо шоистагӣ муаррифӣ намояд,  оламиёнро бо ин ганҷинаи бузурги маънавиёти халқи тоҷику форс шинос гардонад ва ҷӯйи мусиқиву суруди дилкашро бо оҳангҳои равону руҳбахш пур созад. Ин кӯлвори пурганҷро ӯ ба ояндагон ба мерос гузошта,  сад афсӯс, ки дунёро дар авҷи камолот тарк намуд.

Боварӣ дорем, ки халқи санъатдӯсти тоҷик ҳеҷ гоҳ санъату ҳунари устод Давлатманд Холовро аз ёд дур намесозад ва номашро дар қалбҳо ҳаккокӣ намуда, аз вай ба некӣ ёд менамояд. Рӯҳи устоди ҳунар шод ва хонаи охираташ обод бод.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE