ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Риёз бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад

Баъди як моҳ, 21 март дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бозии сеюмашро анҷом медиҳад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Рақиби дастаи мо тими миллии Арабистони Саудӣ мебошад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе вомехӯранд. Ин дидор 26 март, соати 20:00 оғоз мешавад.

Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ

Даври дуюм. Гурӯҳи «G»

Даври 3

21 март (панҷшанбе)

Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе

Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН

Риёз, Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE