Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
Вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ҳайати роҳбарияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов дар Душанбе баррасӣ гардид.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мусоҳибон ҳамзамон масъалаҳои амалисозии ислоҳот барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллиро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.