Шинохти таъриху фарҳанги ҳар миллат аз либоси миллӣ ибтидо мегирад
1 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии саросари ҷумҳурӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифи давлат ва миллат мебошад.
Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз тарафи дигар аз рӯйи либос ва фарҳангаш мешиносанд.
Аммо аз чӣ сабаб бошад, ки занону духтарони тоҷик вақтҳои охир ин рукни муқаддаси миллатро камтар қадр менамоянд ва арзиши миллии онро нодида мегиранд.
Яъне таваҷҷуҳи духтарони тоҷик аз либоси миллӣ дида, ба либоси бегона бештар аст. Набояд зани тоҷик аз либоси миллии хеш дида, ба либоси бегона шавқу ҳавас дошта бошад, зеро ин ба мо – тоҷикон, мардуми дорандаи фарҳанги бою пурарзиш зебанда нест. Ин ҷиҳатҳоро ба назар гирифта, вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» нашр ва ба шаҳрвандони мамлакат пешниҳод намуданд. Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ пешниҳод гардидааст.