Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мулоқот карданд

Санаи 5 марти соли 2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. 

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо ба мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба аз ҳама зарфиятҳо ва механизмҳои мавҷуда истифода намуда, дар давоми соли ҷорӣ ба роҳандозии якчанд чорабиниҳо ва ҳамоишҳои муштарак иқдом хоҳанд кард.

Инчунин, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ перомуни масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи буҳронӣ дар Фаластин табодули назар карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE