Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад…
Даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” идома дорад. Дар ин давр иштирокчиён аз рӯйи чор номинатсия: номинатсияи Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, номинатсияи Адабиёти классики тоҷик, номинатсияи Адабиёти тоҷик ва номинатсияи Адабиёти ҷаҳон байни ҳам рақобат доранд. Ёдовар мешаваем, ки озмун то 27-уми ноябр идома ёфта, маросими ҷоизасупории он 1-уми декабр соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар назар аст.

