Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол нав шуд
Мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-20) таъйин шуд. Ӯ дастаро ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки моҳи сентябри соли 2024 баргузор мешавад, омода менамояд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Милош Костич дар замонҳои гуногун сармураббии дастаҳои наврасон (U-17) ва ҷавонони (U-19) Словения буд. Ӯ ҳамчунин бошгоҳҳои «Срвена Звезда» (Сербия), «Железничар» (Босния ва Ҳерсеговина), «Ахарнаикос», «Ираклис», «Трикала» (ҳама аз Юнон), «Люфтетари» (Албания) ва «Сент-Трюден» (Белгия)-ро роҳбарӣ намудааст.
Мутахассиси 52-солаи словенӣ Милош Костич дорои иҷозатномаи мураббигии дараҷаи «Pro»-и УЕФА мебошад.