РӮЗГОРИ БОШАНДАГОН ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ХОНА-ИНТЕРНАТИ БЕМОРОНИ РУҲИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ»

Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати  иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

«Хона-интернат» аз таъминоти моддию маишӣ ба бошандагон ва барои онҳо фароҳам овардани шароитҳои зиндагӣ, нигоҳубини беморон ва ба онҳо расонидани ёрии тиббӣ ва тавонбахшӣ, ташкили корҳои маданӣ-маишӣ, таҳия ва амалӣ намудани Нақшаи чорабиниҳое, ки ба тавонбахшии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон равона карда шудааст,иборат мебошад.

Дар Муасисса аз рўи басти вазифаҳо 149 нафар корманд кору фаъолият мекунанд.

Муассиса барои 325 нафар пешбинишуда, айни ҳол ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ 286 нафар бошанда фаро гирифта шудааст. Аз ин шумора мардҳо 160 нафар, занҳо 126 нафар ва кӯдакони маъюб 61 нафарро ташкил медиҳад. Бошандагон бо се (3) вақт хуроки гарм таъмин мебошад. Гуфт директори муассиса Муҳибуллои Ҷалолуддин.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ  шароити будубоши маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд.

                             “Садои Душанбе”

Фирӯз Каримзода

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE