Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд

14 апрел, тақрибан соати 05:30 дар деҳаи Кӯчабоғи Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷаби ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар натиҷаи бориши шадид сатҳи оби дарёи Ёхсу боло рафта, дар натиҷа деворе, ки дар масофаи 25—30 метр соҳили рости дарёро муҳофизат мекард, зарар дид. Дар ин хусус аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Кормандони кумита барои ҳимоя аз оқибатҳои баландшавии сатҳи оби дарё дар якҷоягӣ бо кормандони Идораи мелиоратсия ва обёрии ноҳия бо истифода аз 5 техникаи муҳандисӣ дар масофаи 55 метр 65 метр плитаҳои оҳану бетонӣ гузошта, онҳоро бо симтаноб ба ҳам васл намуданд.

Инчунин 15 апрел, соати 00:15 боронҳои пуршиддат сабаби бо лойқаву селовардаҳо пур шудани канали Чоряккорони ноҳияи Сино шуданд.  Дар натиҷа об аз соҳили канал берун шуда, роҳеро, ки аз маҳаллаи Чоряккорон ва Зафар мегузашт, баст. Бо ёрии 20 техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳияи Сино вазъи баамаломада бартараф ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 01:26 бар асари боронҳои пуршиддат дар хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ оби борон сабаби баста шудани роҳ ба масофаи 150 метр шуд. Бо ёрии ду техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия роҳ тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо барқарор шуд.

Бар  асари боронҳои шиддатнок ва давомдор дар якчанд нуқтаи аҳолинишини деҳоти шаҳраки ба номи Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ болоравии сатҳи об дар селгузар мушоҳида шуд.  Дар натиҷа об ҳавлии сокинонро пур кард. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида ва бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ фаъолият мебарад.

Ҳамчунин дар қаламрави шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи борони пуршиддат болоравии сатҳи об дар канали Янгиқурғон сабт шуд. Дар натиҷа об ба ҳавлии яке аз сокинон ворид гардид.

Дар натиҷаи омадани сел дар қаламрави мамлакат талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар сабт нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамеша сокинонро огоҳ менамояд, ки заҳбур ва каналҳои обгузарро тоза намоянд. Мутаассифона, ин кор аз ҷониби масъулин ва сокинон амалӣ намегардад, аз ин рӯ дар рӯзҳои боронӣ чунин ҳолатҳо ба амал меоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE