Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи доимии Русия дар назди САҲА мулоқот кард

15 апрели соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин намояндаи доимии Федератсияи Русия дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Александр Лукашевичро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории тарафайн ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар доираи САҲА мавриди муҳокима қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE