Имрӯз дар Душанбе дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиш-фурӯши чакан оғоз гардид

Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиш – фурӯши чакан оғоз гардид. Дар ин тадбири фарҳангӣ, ки ба тарғиби либоси миллӣ нигаронида шудааст, дар баробари шаҳри Душанбе ҳунармандон аз тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ низ ширкат доранд.

Дар намоиш – фуруши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ, занону бонувони тоҷик аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо ташкили гӯшае маҳсулоти худро, ки аслан аз куртаҳои чакан, гулдузӣ, сузанидӯзӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ иборат буд, ба маърази тамошову фурӯш гузошта шуд, ки таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмони пойтахти кишварамон шаҳри Душанберо ба худ боз ҳам ҷалб менамуд.

Арҷ гузоштан ба либоси миллӣ ин нишони эҳтиром доштан ба таъриху фарҳанги хеш мебошад. Мояи ифтихори мо, тоҷикон аст, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори миллӣ, тахайюли созандаю рангинамон дар либоси мо инъикос ёфтааст.

Дар «Намоиш – фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунарманди» дар баробари чакану гулдӯзиҳо, ҳунармандон дастранҷи худ, мӯҳрабофӣ, сабатбофӣ, кулолгарӣ ва заргариро низ ба фурӯш гузоштаанд.

Мохитобон Рахмонова – чакандӯз аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ин намоишгоҳ фурӯш, даҳҳо номгӯи куртаҳои чаканро ба фурӯш гузошааст, ки бо рангу тароват, чилло ва дӯхти худ аз ҳамдигар зебову дилработар ба чашм мерасанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд: «Ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад… Модарону бонувони мо – тоҷикон тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».

Маврид ба ёдоварист, ки рохандозии « Намоиш-фурӯши чакан ва дигар махсулоти хунарманди» низ аз тадбирихои дигар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар дар самти тарғиби либоси миллӣ ва оммавият пайдо намудани он дар Тоҷикистон мебошад.

Т. Сатторов,

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE