Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Имрӯз дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 бар тими миллии Афғонистон (2:1) пирӯз шуд.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал дар таърих ба даври нимфиналии мусобиқот роҳ ёфта, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024 шуд, ки он аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад.