Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати  Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдии Зайғамӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни вазоратҳои саноати ду мамлакат, аз ҷумла иштироки ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 (27-29 апрели соли 2024) ва масоили дигари мавриди эҳтимоми тарафҳо баррасӣ гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE