Аз натиҷаи кори Саммити Созмони ҳамкории исломӣ Эъломияи Банҷул қабул карда шуд

4-5 май дар шаҳри Банҷули Ҷумҳурии Гамбия Саммити Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар саммит масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҳавзаи Созмони ҳамкории исломӣ, муборизаи дастҷамъона бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва дигар қазияҳои мубрами байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз натиҷаи кори Саммит Эъломияи Банҷул қабул гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE