Бо фаъолони диаспораҳо аз минтақаҳои мухталифи Олмон, Лаҳистон ва Чехия мулоқот доир гардид

Дар шаҳри Берлин бо тоҷикони бурунмарзии дорои касбу кори гуногун, аз ҷумла донишҷӯён, касбомӯзон, табибон, соҳибкорон, варзишгарон ва фаъолони диаспораҳо аз минтақаҳои мухталифи Олмон, инчунин Лаҳистон ва Чехия мулоқот баргузор гардид. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов дар мулоқот таъкид намуд, ки тақвияти ваҳдати миллӣ дар шароити  печидаи ҷаҳони муосир, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу фарҳангӣ, инчунин ба таври арзанда муаррифӣ намудани Ватану миллати худ дар кишварҳои иқомат муҳим мебошад.

Дар ин росто гуфта шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар соҳаҳои мухталиф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, боз ҳам ободу зеботар мегардад.

Бинобар ин зимни суҳбат ҷавонону донишҷӯёнро даъват намуданд, ки ба омӯзиши фанновариҳои муосир диққати бештар дода, дар ободиву пешрафти Ватан ҳисса гузоранд.

Ҳамчунин эҳтироми қонуну қоидаҳои давлати будубош ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла дар партави Соли маърифати ҳуқуқӣ таъкид гардид.

Гурӯҳе аз ҳамватанони фаъол барои саҳми арзандаашон дар тарғиби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва муттаҳидсозии ҳамватанон дар Олмону Лаҳистон бо Сипосномаи Сафорат қадрдонӣ шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE