Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики мулоқот кард

13 майи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Зимни мулоқот вазъи кунунии равобити дуҷониба дар самтҳои гуногун, инчунин таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE