13-15 декабр дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво паст мешавад

Аз 13 то 15 декабр дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа  дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефароядиттилоъ доданд аз  Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

13-15 декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, шабона асосан бебориш дар назар буда, рӯзона борони суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа гарм шуда,   рӯзона аз 2+4 то 7+9 дараҷа  гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ 15 декабр ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида бориш (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

13-15 декабр дар вилояти Суғд  ҳавои тағийрёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа  гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар ВМКБ 13-15 декабр ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 21-26 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

13-15 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE