Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара Маркази ташхис ва табобатиро ба истифода доданд

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара баъди ба истифода додани гулгашт ва майдони Парчами давлатӣ, бинои нави Маркази ташхис ва табобатиро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази ташхису табобат яке аз иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Маркази ташхис ва табобат дар масоҳати умумии 0,33 гектар доман паҳн карда, бинои асосӣ ва шуъбаи бистарикунонии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бинои шуъбаи бистарикунонӣ дорои 37 кат мебошад ва барои қабулу табобати беморон имконияти мусоид дорад.

Дар Маркази ташхисию табобатӣ 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Бинои асосии марказ аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ дорад. Дар қабати якуми бино ҳуҷраҳои табибон, ташхиси фаросавтӣ (узи), дорухона ва дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории роҳбарият, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои табибони дигар ҷойгиранд.

Таҳхонаи биноро барои озмоишгоҳ бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пешбинӣ намудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот супоришҳои мушаххас доданд.

Бояд таъкид намуд, ки иншооти мазкур бо техникаю технологияи насли нав муҷаҳҳаз буда, барои бошандагони деҳоти Ғарғара ва атрофи он туҳфаи арзанда маҳсуб меёбад. Зеро то ин дам набудани чунин ташхисгоҳ ва маркази табобатӣ боиси мушкилоти зиёди сокинони ин минтақа буд. Акнун бо фароҳам омадани шароит, мушкилоти мавҷуда бартараф шуда, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи матлаб ба роҳ монда мешавад.

Ҷиҳати кабудизор гадонидани саҳни муассиса тадбирҳои ободонӣ амалӣ карда шуда, дарахтони ороишию сояафкан ва гулҳои мавсимию бисёрсола ба ҳусни Марказ зебогии нав зам менамояд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро шоистаи таҳсин хонданд.

Дар навбати худ кормандони марказ ба Сарвару роҳнамои миллат ҷиҳати фароҳам овардани чунин имконоти мусоид дар деҳот, изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рушди он дар ҷомеа минбаъд низ саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE