Сарвари давлат: «Таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад»
Имрӯз дар мулоқот бо аҳли илми мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ раванди робитаи илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Дар робита ба ин Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Пешвои миллат изҳор намуданд, ки фаъолияти ин сохтор бояд ба рушд, танзим ва дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ ва таҳияи механизми татбиқи он равона карда шавад.
Баҳри таҳияи санадҳои зерқонунӣ, бунёди зерсохтори зарурӣ ва татбиқи самарабахши қонуни гуфташуда вазоратҳои адлия, молия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки тадбирҳои дахлдор андешанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат баён доштанд, ки дар Тоҷикистон соли 2022 Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» қабул гардид, ки татбиқи ин қонун метавонад вазъи маблағгузории соҳаи илмро бамаротиб беҳтар гардонида, ба ҳарчи бештар амалӣ шудани дастовардҳои илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.
Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳанӯз роҳу воситаҳои татбиқи самараноки қонун таҳия нагардидаанд ва қисми зиёди олимону ихтироъкорони мо доир ба моҳияти он маълумоти кофӣ надоранд.
«Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо, алоқаи сусти байнисоҳавӣ дар пешбурди таҳқиқот дар асоси қонунҳои бозорӣ аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд»,-баён доштанд Пешвои миллат.
Иттилоъ дода шуд, ки то ҳол воридоти молҳои мавриди ниёзи аввал ба мамлакат зиёд буда, солона беш аз 17 миллиард сомонӣ ё 25 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад ва илми ватанӣ ба тағйир додани чунин вазъият таъсиргузор нест.