Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид барои саҳм гузоштан дар рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
4 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҷонибҳо масъалаи ҷалби маблағҳои грантӣ вобаста ба лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди мамлакатро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, дурнамои чаҳорчӯбаи ҳамкории миёнамуҳлат ва корҳои омодагӣ доир ба баргузории ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Парвати Рамасвами омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат ва мусоидат дар омода ва баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.
Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат намудан дар амалӣ гардонидани ҳадафу афзалиятҳои рушди мамлакат ва баргузории ҷаласаи навбатии Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.