ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ ДАР ПОЙТАХТ

Дирӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шаршараи Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳа ва маҳсулотҳои аз нигоҳи экологӣ тоза, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбии ҳудуди пойтахт ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба анвои гуногуни маҳсулоти ба намоиш гузошташуда баҳои баланд доданд.

Дар оғози чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода баромад намуда, аз ташаббусҳои созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт сухан гуфт. Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб суханронӣ намуда, табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро вобаста ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ба меҳмонону ҳозирин ва сокинони пойтахт расониданд. Ҳамзамон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода суханронӣ карда, мақсади асосии таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зистро тозаву озода нигоҳ доштани атроф, фароҳамсозии фазои тозаи экологӣ, ҳифзи муҳити солим ва таъмини маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза маънидон намуд.

Қайд бояд кард, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чанд озмуну мусобиқаҳо баргузор карда шуданд ва ғолибони онҳо дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамаи ин дастоварду муваффақиятҳои соҳа самараи дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши шабонарӯзии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Дар идомаи чорабинии мазкур барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду таронаҳои тараннумгари меҳанпарастиву ватандӯстӣ дар иҷрои ҳунармандони касбии кишвар, ки ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои тоҷикон ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд, пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE