Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинону кишоварзони ноҳияи Рашт мулоқот намуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии Рашт сафари корӣ анҷом дод,  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолон ва кишоварзони ноҳияи Рашт вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар доданд.

Дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода салому паёми самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ба мардум расонд. Сипас дар мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли миллӣ сухан гуфт.

Маҳмадтоир Зокирзода бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ, аз ҷумла кишти картошка ва зироати кишоварзӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода иброз намуд, ки мардуми и ноҳияи Рашт заҳмату талошҳо, кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадрдонӣ карда, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми дастуру супоришҳои Пешвои миллатро чун ҳарвақта сармашқи кор менамоянд.

Онҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои олии пешгирифтаи давлати азизамон пайваста меҳнату талош намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми сазовор мегузоранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE