Ҳамкориҳои Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар соҳаи маориф тақвият меёбад
16 октябри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар асоси “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм” ба роҳ монда шуда, сол то сол рушд намуда истодааст. Қайд бояд намуд, ки ин ёддошти тафоҳум 3 январи соли 2016 зимни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.
Дар навбати худ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон омодагии ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз дошта, оид ба ҳамкории тарафҳо дар самтҳои мухталифи соҳаи маориф ишора намуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, омӯзиши забони арабӣ, эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилӣ ва унвонҳои илмӣ, тарҷума ва нашри асарҳои барҷастаи адабӣ ва корҳои илмӣ, таъсиси гурӯҳҳои таҳқиқотии муштарак ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.