Дар Душанбе таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» барномаи фарҳангӣ доир шуд

6 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» ба ифтихори арзишҳои милливу фарҳангии ду давлати бо ҳам дӯст- Тоҷикистон ва Чин барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова.

Гуфта шуд, ки ин барнома дар доираи ифтитоҳи шуъбаи забони чинӣ дар коллеҷ доир шуда, дар он намояндагони Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Нейҷани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Барномаи фарҳангӣ фарогири фарҳангу анъанаҳои миллии Тоҷикистон ва Чин буда, дар он баҳри эҳтиром ба арзишҳои миллии Тоҷикистон ва Чин  суруду рақсҳо, қироати шеърҳо, замзамаи таронаҳо ва намоиши анъанаҳои хоси фарҳанги ду мамлакат бо забонҳои тоҷикиву чинӣ пешкаши ҳозирин гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE