«ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Хатлон мусобиқаи футбол оғоз гардид
12 июн дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври сеюми мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Мусобиқа ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дастаҳои футбол аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд. Чунин мусобиқаи футбол дар минтақаи Кӯлоб низ гузаронида мешавад.
Пас аз ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, роҳхат дода мешавад.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол байни аҳолӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад.
Мақсади он инчунин амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон «Дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мебошад.