Натиҷаҳои рӯзи панҷуми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

29 март дар Душанбе дар рӯзи панҷуми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ се сабқат баргузор шуд. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бонувон ва духтарони ҷавони то 23-сола дар масофаи 111км ва мардҳо дар масофаи 174км сабқат карданд. Миёни онҳо варзишгари Қазоқистон Акпеиил Оссим, миёни бонувон варзишгари Ветнам Зи Зат Нгуйен ва миёни мардҳо Игор Чжан аз Қазоқистон ғалаба карданд.

Дар рӯзи панҷум миёни бонувон се варзишгари тоҷик Аннасултон Аманова, Файзихон Суфиева, Мутриба Абдуҷалилова, миёни мардҳо чор варзишгари мо – Умедҷон Кузиев, Раҳимҷон Аминов, Ҷовидон Кузиев ва Андрей Булаев иштирок карданд.

   

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ

Натиҷаҳои рӯзи панҷум

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавондухтарони то 23-сола, 111км

  1. Акпеиил Оссим (Қазоқистон), 3:11:37
  2. Светлана Пачшенко (Қазоқистон), 3:11:37
  3. Янина Кускова (Узбекистон), 3:11:37

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, бонувон, 111км

  1. Зи Зат Нгуйен (Ветнам), 3:11:37
  2. Махаббат Умутжанова (Қазоқистон), 3:11:37
  3. Анжелина Соловёва (Қазоқистон), 3:11:37

Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, 174км

  1. Игор Чжан (Қазоқистон), 4:26:40
  2. Нарийуки Масуда (Ҷопон), 4:26:40
  3. Ҷамбалҷамтс Саинбайар (Муғулистон), 4:26:40

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор мешавад, 30 март бо мусобиқаи инфиродии умумӣ миёни дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111км анҷом меёбад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE