Дар Душанбе ҳамкории дуҷониба ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид

Тавре қаблан иттилоъ додем,  имрӯз дар шаҳри  Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои илмӣ-таҳлилии Тоҷикистону Чин Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-Чин: ҳолат ва дурнамои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар давраи нав» баргузор гардид. Дар конфронс вазъи ҳамкорӣ  ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Чин дар марҳалаи нав, ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Директори Маркази тадқиқоти стретегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода баргузории конфронсро дар арзёбии вазъи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва роҳу воситаҳои тавсеи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду мамлакат унвон намуд.

Мавсуф изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари  бузург ва  яке аз шарикони  стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду  мамлакати ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардидаанд. Бо сармоягузории  Чин  дар  Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо сифати баланд фаъолият доранд.

Таъкид гардид, ки дастоварӣ ба ояндаи сабз ҳамчун омили рушди устувори минбаъда яке аз ҳадафҳои асосии Тоҷикистон ба шумор рафта, татбиқи ин ҳадаф натиҷаи стратегияи дуруст ва нақшаҳои дарозмуддати созандаи роҳбарияти олии сиёсӣ мебошад, ки дар даҳсолаҳои охир амалӣ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли неруи барқ ​​аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон ҷои 6-умро ишғол намуда, имкониятҳои мамлакат аз рӯи уҳдадориҳои глобалии мамлакатҳои ҷаҳон барои то соли 2050 то 30 дарсад кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, фароҳам овардани иқтидори зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз «энергияи сабз» шароити мусоид фароҳам меорад. Ба ибораи дигар,  барои мустаҳкам намудан ва вусъат додани робитаҳои иктисодии мамлакатҳои мо имкониятҳои мусоид ба вуҷуд меоянд.

Дар конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор намуд, ки марказҳои таҳлилӣ дар ҳаёти миллӣ нақши муҳим дошта, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як маркази таҳлилии маъруф ҳамеша ба равобити Чину Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ҳамзамон Маркази тадқиқоти стратегӣ барои пешбурди ҳамкории ду мамлакат бо «идеяҳои тиллоӣ»-и худ саҳми зиёде гузоштааст.  Ба гуфтаи мавсуф,  дӯстии тоҷикон ва мардуми Чин аз роҳи бостонии абрешим сарчашма гирифта, дар роҳи бузурги бунёди муштараки «Як камарбанд, як роҳ» дар сатҳи баланд қувва ва неруи тоза бахшид.

Ҳамзамон дар конфронс рӯнамоии китобҳои «Тоҷикистон – Чин: аз дӯстии таърихӣ то ба шарикии стратегӣ» ва «Тоҷикистон – Чин: 30 соли ҳамкории босамар» доир гардид.

Ҳамоиш дар ду бахш, «Тоҷикистон ва Чин: имкониятҳо ва афзалиятҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ» ва «Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ:афзалиятҳо ва самтҳои рушд» давоми рӯз идома ёфта, дар онҳо масъалаҳои рушди ҳамкории сиёсӣ ва эътимоди мутақобила байни Тоҷикистону Чин дар замони муосир, вазъи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои шарикии стратегии ҳамаҷониба дар марҳалаи нав, ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE