«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Хоруғ даври вилоятии ин озмун оғоз гардид

Имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки дар он  330 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок мекунанд.

Тавре дар Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, дар даври аввали озмун 751 нафар довталаб иштирок намуд, ки ба даври дуюми озмун 330 нафар (аз 12 то 17 сола 240 нафар, аз 18 то 35 сола 90 нафар) роҳхат гирифтанд.

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева иброз дошт, ки миллати тоҷик аз қадимулаём дорои фарҳанги бою ғаннӣ буда, маҳз бо расму  суннатҳои аҷдодии худ дар ҷаҳон маъмулу машҳур мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Точикистон-Ватани азизи ман» барои сокинони ин диёр имконият фароҳам овард, ки истеъдодҳои нав ба майдони фарҳангу ҳунар ворид гарданд.

«Ин озмуни ҷумҳуриявӣ, ки давоми чанд сол боз аз сатҳи ҷамоатҳо то сатҳи ҷумҳуривӣ баргузор мегардад, даҳҳо ҳунармандони навро кашф ва ба роҳи санъату фарҳанг раҳнамун сохт. Ҳадафи баргузории озмун ин пайдо намудани чеҳраҳои нав ва сайқал додани малакаву маҳорати сарояндагию навозандагӣ, дизайнерӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа маънидод карда мешавад»,-гуфт номбурда.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 84 нафар довталаб аз руйи номинатсияи санъати тасвирӣ — дизайн ва ороиши амалӣ- бадеӣ иштирок намуда, ҳунари худро аз қабили муҳрабофӣ, кандакорӣ ва расомӣ пешкаши аъзои ҳакамон намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE