РУМИНИЯ: СӮХТОРИ БЕМОРХОНА ҶОНИ 4 КАСРО РАБУДУ ЧАНДИ ДИГАРРО МАҶРӮҲ КАРД

Мақомот дар Руминия изҳор доштанд, ки имрӯз дар натиҷаи сӯхтор дар беморхонаи гирифторони COVID – 19 дар шаҳри Бухарест чор бемор ҷондодааст.

Масъули Вазорати корҳои дохилии Руминия Раед Арафот хабар додааст, ки ҷасади се бемор дар муассисаи тиббии Матей Балс пайдо шуд ва нафари чорум бо вуҷуди тадбирҳои кӯмак дар наҷоти ҷонаш даргузаштааст.

Дар натиҷаи сӯхтор шаст беморро ба бинои дигари Пажӯҳишгоҳи тиббии Матей Балс интиқол доданд. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби сӯхтор чӣ будааст. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин ҳодиса дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳам дар паи сӯхтор дар як беморхонаи дигари гирифторони COVID-19 дар шимолу шарқи Руминия даҳ бемор ҷони худро аз даст дода буд. Дар ин кишваре бо 19 миллион аҳолӣ 721 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шуда, беш аз 18 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Мижгон РАҲМОНЗОДА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE