Табибони тоҷик соли 2022 бори аввал як зумра амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳоро гузарониданд

Соли 2022 бори аввал аз тарафи мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дилу рагҳои Тоҷикистон амалиётҳои стентгузаронӣ ҳангоми омоси даврашакл ва экзофитии қисми кардиоэзофагеалии сурхрўда, хитинэктомияи эндоскопӣ аз маҷрои умумии талхагузар ба воситаи дуоденоскоп, бурида гирифтани омоси трахея тавассути бронхоскоп, гузоштани баллони силиконӣ дар меъда дар мавриди тағйиротҳои метаболикӣ (ҳангоми бемории фарбеҳӣ), декомпрессия ва рафъи ногузароии рудаи ғафс бо колоноскоп ҳангоми тобхурии шадиди рудаи сигмашакл гузаронида шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз табибони тоҷик дар баробари ҳамтоёни хориҷии худ дар ташхис ва табобати беморон маҳорати баланд нишон медиҳанд. Далели ин гуфтаҳо коҳиш ёфтани теъдоди беморони барои табобат ба берун аз кишвар рафта ва муроҷиати шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҷиҳати гузаштан аз ҷарроҳиҳои мураккаб ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад. Дастоварҳои солҳои охири табибони тоҷик бори дигар аз маҳорати баланди касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дарак медиҳанд.

Масалан, соли гузашта бори аввал дар соҳаи ҷарроҳии қафаси сина ҳам чандин амалиётҳо гузаронида шуданд. Ҷарроҳии кифосколиозҳои қисмати қафаси синагии сутунмӯҳра, дараҷаи вазнин, усули дискотомияи фонашакли коррексионӣ бо фиксатсияи транспедикулярии трансторакалӣ, резексияи қисмати тангшудаи трахея бо трахеопластика дар болои стенди Т-шакл, амалиёти Люис ба беморони гирифтори ногузароиш ва тангшавии сурхрӯда баъди сӯхтани химиёвии он, амалиёти симултантӣ, торакоскопия, эхинококэктомияи шуши рост ва лапароскопия, эхинококэктомияи ҷигар, стентгузории трахея чун марҳилаи аввали табобати беморони гирифтори носури сурхрӯдаву бронхиалӣ, реканализатсия, бужгузаронӣ ва стентгузории қисмати тангшудаи гранулятсионии трахея, рафъи эндоскопии омоси ковокии бронх, рафъи омоси миёнадевори болоӣ бо резексия ва протезкунонии вариди болоии холӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 дар шуъбаи ҷарроҳии навзодони Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ​ ҷарроҳии аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ «дугоникҳои сиамӣ» гузаронида шуд.

Волидайни ин тифлон аз ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мебошанд. Таваллуд тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд ва муайян гардид, ки яке аз навзодон (ҷинсаш писар) аллакай фавтида, холати навзоди дигар (ҷинсаш духтар) хуб аст. Навзоди фавтида аз қисми сар дар пушди дугоники дигар часпида буд, ки тариқи ҷарроҳӣ аз ҳам ҷудо гардиданд.

Бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё «дугоникҳои сиамӣ» яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ дар ақсои олам ба ҳисоб рафта, ҳоло бо роҳандозӣ гардидани чунин усули ҷарроҳӣ ва ё аз ҳам ҷудо намудани дугоникҳои сиамӣ табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хуб ҳосил намуданд.

Ба гуфти мутахассисони соҳа, ин усули нави ҷарроҳӣ ягона дастоварди шуъбаи мазкур набуда, тайи солҳои охир табибони шуъба якчанд навъи ҷарроҳӣ ба роҳ мондаанд, ки барои таъмини сиҳатии навзодон заминаи хуб фароҳам овардааст.

Наздикони тифли нав ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Мутахассисони шуъбаи мазкур таъкид мекунанд, ки дар айни замон сиҳатии тифли ҷарроҳишуда таъмин буда, зимни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар ӯ ягон ориза ба назар нарасидааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE