Дар шаш моҳи соли 2024 дар Тоҷикистон 532 ҳолати фавқулода ба қайд гирифта шуд

Дар шаш моҳи соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 532 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла: 188 сел, 156 барфу борони шадид, 77 тарма, 35 ҳолати болоравии сатҳи об, 33 сангрезӣ дар роҳҳо, 18 заминларза, 14 ярч, 7 шамоли шадид ва 4 маротиба раъду барқ ки маблағи умумии зарар 130 миллиону 663 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст. Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2024 ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар натиҷаи 12 офати табиӣ 15 нафар шаҳрвандонамон ҷони худро аз даст доданд. Аз ҷумла: 9 нафар дар селҳои харобкор ҷон бохтаву, 4 нафар дар раъду барқ ва 2 нафарро ярч ҳалок кардааст. Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Кумита ташкил ва гузаронидани корҳои фаврии наҷот мебошад. Наҷотдиҳандагони Кумита дар нимсолаи аввали соли 2024 дар рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ширкат варзида, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд.

Cайёҳат Содиқова,

радиои Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE