Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Қонунвайронкуниҳои зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,0 миллион сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд
Бо мақсади муайян намудани сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар бозор ва пешгирии баландшавии беасоси он, Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ва ваколатҳои худ дар як қатор субъектҳои хоҷагидор санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронид, ки дар натиҷаи онҳо қонунвайронкуниҳои зиддиинҳисорӣ ба маблағи 3,0 миллион сомонӣ ошкор ва ба буҷети давлатӣ гузаронида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Сафаралӣ Қурбонзода муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба таъкиди масъулин Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати кишвар, дар заминаи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Номгӯйи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд” мониторинги 20 номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ заруриро дар бозори беруна ва дохили кишвар гузаронида, тағйирёбии нархи онҳоро ҳамарӯза таҳлил ва арзëбӣ менамояд.
Ба посухи масъулин аксари номгӯи мазкур ë ин ки ашëи хом барои истеҳсоли онҳо аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, ки ба болоравии нархи онҳо дар бозори мамлакат оварда мерасонад.
Тоҷиддин Сатторзода ,
Радиои Садои Душанбе