Дастовардҳо ва инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ карда мешаванд
Бо мақсади муаррифии зебоиҳои шаҳри Душанбе, ки симои сайёҳии мамлакат маҳсуб шуда, дар он имконияти мусоид баҳри таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонон фароҳам оварда шудааст, саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре сардори шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед иброз дошт, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррифи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
«Дар робита ба ин, дар саҳифаҳои шуъба дар шабакаҳои иҷтимоии фейсбук (dushanbe-travel), инстаграм (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) бо мақсади муаррифии зебоиҳои пойтахт, тарғиби дастовардҳо ва инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе, маконҳои таърихиву фарҳангии он мунтазам аксҳои зебою назаррабои гӯшаҳои гуногун ва рилсу роликҳои тарғиботӣ оид ба иқтидори сайёҳии пойтахт инъикос карда мешаванд. Барои ворид шудан ба ин саҳифаҳо рамзи ягона (QR code) низ таҳия шудааст», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Гуфта шуд, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд дар саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба дастоварду навгонӣ ва имконияту зарфияти сайёҳии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маълумоти ҷолиб пайдо намоянд.