РОҲҲОИ СОДДАИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Бемории мавсимӣ дар тамоми гушаву канори олам вуҷуд дошта, дар вақту дақиқаҳои муайян зуҳур мекунад. Ба хотири раҳоӣ ва табобати ин маризӣ бояд чандин тавсияҳои табибонро сокинони мамлакат, риоят намоянд. Қоидаҳои мазкур соддаву оддианд ва ҳамагон имконияти риояи онро доранд.

Бо гузариш аз як мавсим ба мавсими дигари фасли сол, бемориҳои сироятӣ ба якборагӣ хуруҷ мекунанд. Инро олимон ба чанд омил рабт медиҳанд. Аслан дар ин  айём шахс бештар ба бемории зуком гирифтор шуда, як андоза аз он ранҷ мебаранд. Новобаста ба сину сол инсон метавонад ба ин маризӣ гирифтор гардад. Саъдихон Пиров корманди Хадамоти назорати давлатӣ ва санитарию эпидемологии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин мегуяд, пеш аз ҳама ҳар шахс бояд аз чораҳои пешгирӣ кор гирад ва даст ба худтабобаткунӣ назанад. Зеро таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки бемороне, ки бе тавсияи духтур ба табобат мепардозанд, баръакс гирифтори чандин ранҷу дардҳои дигар мешаванд.

Барои табобат ва раҳои аз бемориҳои мавсимӣ, олимону мутахассисон чандин омилҳоро тавсияву пешниҳод намуданд. Аз ҷумла машғул гардидан ба варзишро василаи асосии пирӯзӣ ба ҳар навъи беморӣ донистаанд.  Ба андешаи Холмаҳмад Толибов мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нафаре, ки ҳамарӯза бештар пиёда роҳ мегардад, метавонад орӣ аз ҳама бемориҳо бошад. Манфиатнокии пиёдагардиро ҳамсуҳбатамон дар он мебинад, ки ҳангоми ҳаракати организм вирусҳо дар муқобила ба ҳарорати бадан тоб наоварда, мемиранд ва ҳамин гуна организм солиму сиҳат мемонад.

Ба таъкиди Саъдихон Пиров корманди Хадамоти назорати давлатӣ ва санитарию эпидемологии Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафарони гирифтор ба бемориҳои сироятӣ амсоли роҳҳои диққи нафас ва зуком бояд сари вақт бу духтури минтақавӣ муроҷит намоян. Зеро дар сурати саривақт муроҷит насохтан, бемориҳо метавонанд барангезандаи дигар навъи маризиҳо дар бадани инсон гарданд.

Мавриди зикр аст, ки барои табобат ва раҳои аз бемориҳои сироятӣ пеш аз ҳама пешгирӣ мебояд. Дар сурати гирифтор шудан ба бемориҳои сироятии мавсимӣ, сараввал лозим аст ба назди духтур рафт ва сипас ба  табобат пардохт. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани табобат метавон ҳам сарфу харҷи табобатро кам сохт  ва ҳам хавфи олудашавӣ ба дигар навъҳои беморӣ аз паст мегардад.

Аминзода Бахтовар 

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE