Дар ноҳияи Айнӣ дар шашмоҳ ба маблағи 2,7 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Айнӣ бо фаъолияти Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» аз наздик шинос шуд.
Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кони ангишт барои истихроҷ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, нақшаи истихроҷи ангишт барзиёд таъмин гардида истодааст. Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» аз калонтарин корхонаҳо ба шумор меравад ва дар рушди соҳаи саноати ангишти ҷумҳурӣ саҳм мегузорад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд.
Раиси вилоят иброз дошт, ки дар бахши энергетикаи кишвар таъсири ангишт калон буда, имрӯзҳо рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиётро бе истифодаи ангишт тасаввур кардан ғайриимкон аст. Истеҳсоли он барои таъмини рӯзгори аҳолӣ, алалхусус дар фасли тирамоҳу зимистон ва фаъолияти самараноки иншооти ҳаётан муҳими хоҷагии халқ басо муҳим аст.
Дар идомаи сафари корӣ роҳбари вилоят бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» шинос шуд. Дар ин коргоҳ барои фаъолияти кормандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оврада шудааст. Барои пайваста машғул шудан ба варзиш толори варзишӣ бунёд гардида, ошхонаи барҳаво низ барои кормандон пешбинӣ шудааст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону духтарон ба дӯхти либоси мактабӣ, либосҳои махсус барои корхонаҳо машғуланд.
Сипас, роҳбари вилоят сохтмони навбати дуюми коргоҳи холисгардонии ҶДММ «ТВЕА Душанбе-саноати куҳӣ» — ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дод.
Бояд қайд кард, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди саноат” ва “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарӯрӣ амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 2 миллиарду 745 миллиону 514 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 94,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 166,3 фоизро ташкил менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE