Ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ШМА баррасӣ шуд
7 августи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ШМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.