Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар Минск иштирок намуд

9 август дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Инчунин дар ҷаласа намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Узбекистон, намояндагони Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (БКБОП) ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа  13 масъала, аз ҷумла масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷараёни иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, амалияи татбиқ ва аҳамияти муқаррароти Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ аз 28 сентябри соли 2018 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Масъалаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи мубориза бар зидди ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ содир мешаванд, такмили ҳамкории байнидавлатии иттилоотӣ дар мубориза бар зидди киберҷинояткорӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории Вазорати корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ муҳокима гардид.

Инчунин дар ҷаласа дар бораи баргузории Озмуни байналмилалии маҳорати касбии кормандони сохторҳои мақомоти корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ваколатҳоро дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ менамоянд, Анҷумани байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати роҳ ва дигар масъалҳои мубрам таклифҳо  пешниҳод шуданд.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки дуҷониба ва бисёрҷониба пешниҳодҳои судманд баён намуд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд қарорҳои дахлдор қабул шуданд, ки ба тақвият бахшидани ҳамкории минбаъда дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE